Дар Бухарест иҷлосияи солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба кори худ шурӯъ намуд, Дар ин Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар кори иҷлосия раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода иштирок доранд.
Мавзуи иҷлосияи 31-ум «Нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар меъмории кунунии амният: дурнамои парлумонӣ» буда, он то 3 июл идома хоҳад ёфт.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин эъломияи Бухарест бо тавсияҳо дар заминаи амният, ҳуқуқи башар, мушкилоти иқтисодӣ ва экологӣ ва интихоби мақомоти нави роҳбарикунандаи созмони мазкур баррасӣ хоҳад шуд.