ТАНТАНАИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Имрӯз бо шукргузорӣ аз ин Ватани маҳбуб ва зери сояи Истиқлоли сартосарӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Лозим ба зикр аст, ки пеш аз оғози чорабинӣ, меҳмонон бо ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, дастовардҳои соҳаи маориву фарҳанг, кишоварзӣ ва соҳаи варзиш, ки ба марази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуда, ба ҳунари волои эшон баҳои баланд доданд.
Сароғоз, бо паёми табрикотӣ иҷрокунандаи вазиваи раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар суханронӣ намуда, ҳамаи сокинони шарафманди ноҳияро бо ин санаи таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик шодбош намуда, аз нақши муассири Абармарди арсаи сиёсат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва бунёди давлатдории навини тоҷик ибрози андеша намуда, ҳамзамон афзуданд, ки ҳар яки мову Шуморо мебояд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намуда, аз қадру манзалат ва номи бузурги Ватану Ватандорӣ ифтихор намоем.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ баҳри фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар рушду пешрафти ноҳия як қатор фаъолон бо Сипосномаи раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар анҷом, бо мақсади шукуҳу шаҳомат бахшидани тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳунармандони номӣ бо сурӯду таронаҳои хеш, ки саршор аз Ватану Ватандорӣ иборат буд, хотири аҳли нишастро шод гардониданд.


М. Пардаев,

Радиои Тоҷикистон