Ааз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғиби васеи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар ва ҷалби ҷавонон ва калонсолони ба шашкаву шоҳмот, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миëни ҷавонону калонсолон ва дарëфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз шаҳру ноҳияҳо, мусобиқаи варзишӣ оид ба шашкаву шоҳмот байни вазорату идораҳо бахшида ба таҷлили 27 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзҳои 19 то 24 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии баргузор гардид.
Дар қисми ҷамъбастии мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва дигар масъулини соҳаи варзиш иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ба дастаҳои ғолиб аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
М. Пардаев,
Радиои Тоҷикистон