Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Забони миллӣ ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар конференсия олимони забоншинос, устодони донишгоҳҳо ва зиёиёну донишҷӯён иштирок намуданд. Дар конференсия зиёда аз 15 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахасисони бахшҳои гуногуни фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози Конференсия раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳммадҷонзода баромад карда, иброз намуд, ки забони миллӣ дар раванди ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Ба таъкиди ӯ муҳимтарин вазифаи забон дар он аст, ки фарҳангро ҳифз мекунад ва аз насл ба насл интиқол медиҳад.
Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филми кӯтоҳи мустанад доир ба Ваҳдати миллӣ ва муҳиммияти ин дастоварди таърихӣ, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Баъдан ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Нусратулло Зокирзода дар мавзуи “Забон – омили муҳимми таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллӣ” баромад карда, қайд намуд, ки забони тоҷикӣ барои музокироту муколомаҳо ҷиҳати ба даст овардани Ваҳдати миллӣ саҳми бузург дошт. Аз ин хотир метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ дар таҳкими сулҳу субот ва давлатдорӣ намқши муҳим дошт ва ин рисолати худро имрӯз ҳам идома дода истодааст.
Дар идомаи конференсия доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин Назарзода дар мавзуи “Забон унсури ваҳдатсози миллӣ” баромад карда, таъкид намуд, ки забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин дар конференсия бахшида ба 75 солагии забоншиноси варзида, шодравон Додихудо Саймиддинов маърӯзаи алоҳида доир ба рӯзгор ва фаъолияташ пешниҳод гардид.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”