Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба таеквондо WT доир гардид

25 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани калонсолон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи таеквондо ВТ байни калонсолон дар шаҳри Душанбе, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе оид ба таеквондо ВТ байни ҷавонон чемпионати шаҳри Душанбе оид ба таеквондо ВТ байни калонсолон бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар толори варзишии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба” бо иштироки мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Саидзода Саидҷалол, мутахассиси пешбарӣ бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Маҳмадуллоев Кароматулло ва директори Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии √2 оид ба таеквондо ва камонварӣ”-и шаҳри Душанбе – Қармишев Ҷаҳонзеб баргузор гардид.


Ёдовар мешавем, ки ғолибон ва ҷоизадорон бо диплом ва медалҳои омоданамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
М. Пардаев