18-уми июн муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш бо намояндагони ширкати “Газпромнефт”-и Федератсияи Россия вохӯрӣ кард. Дар чорабинӣ, инчунин ширкатҳои нафтугази ватанӣ низ иштирок доштанд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мулоқот дар доираи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия ва муқаррароти банди 3.11 Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, ҳамзамон рушд додани соҳаи нафтугази кишвар сурат гирифт.
Дар ин замина, намояндагони ширкати “Газпромнефт” бо роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва ширкатҳои соҳавӣ мулоқот карда, аз мавзеъҳои корӣ дидан намуданд.
Намояндагони ширкат изҳори умед карданд, ки пас аз таҳлилҳо ҳамкориро бо ширкатҳои соҳаи нафтугази Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи нав ба роҳ мемонанд.