Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, таҳдиди буҳрони об ба сулҳи ҷаҳон, масъалаи бунёди манзил ва навсозии неругоҳ дар ВМКБ, насби камераҳои автоматӣ ва радарҳо дар пойтахт ва фаъол гардидани шабакаи нуқтаҳои барқдиҳанда барои электромобилҳо дар пойтахт матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19-уми июн зери унвони “Буҳрони об ба сулҳи ҷаҳон таҳдид мекунад” мақолаеро нашр кардааст. Муаллифи матлаб дар такя ба андешаи директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле зикр намудааст, ки буҳрони норасоии об низоъҳоро дар саросари ҷаҳон шадидтар мекунад. Кишварҳои ҷаҳон бояд ҳамкориҳои байналмилалиро барои рафъи ин буҳрон тақвият диҳанд. Вақте об дар ҷаҳон кам мегардад, хатари муноқишаҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ меафзояд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки на танҳо барои ҳифзи захираҳои об, балки барои пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ин замина таваҷҷуҳи бештар намоем. Тибқи иттилои созмонҳои байналмилалӣ, имрӯз беш аз 2,2 миллиард нафар аз норасоии оби ошомиданӣ азият кашида, 3,5 миллиард дар шароити пасти беҳдоштӣ ба сар мебаранд. Яъне, нигаронии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъмини дастрасии ҳамагон ба об он аст, ки нобаробарӣ метавонад минбаъд густариш ёбад. Ба иттилои СММ, зиёда аз 1,4 миллиард нафар аз хушксолӣ дар солҳои 2002 ва 2021 зарар дидааст. Соли 2022 оғози даврае буд, ки дар он тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон ҳадди ақал як сол дар зери норасоии шадиди об зиндагӣ мекарданд, дар ҳоле ки чоряки аҳолии ҷаҳон обхезиро аз сар гузаронд. Интизор меравад, ки тағйирёбии иқлим шиддатнокии ин падидаҳо ва офатҳои табииро афзоиш дода, ба суботи иҷтимоӣ таҳдид кунад.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19-уми июн хабари мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзодаро бо мудири барномаҳои макроиқтисодии Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роналд Гиндрат нашр кард. Дар матлабаи мазкур омадааст, ки ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо тақвияти ҳамкории тарафайнро бо истифодаи самараноки зар-фиятҳои мавҷудбуда зарур шумурда, ҳавасмандии худро дар татбиқи лоиҳаҳои минбаъдаи ислоҳоти бахшҳои бонкӣ бо мақсади таҳкими механизмҳои танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявии қарзӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии идоракунии буҳрон дар бахши молиявӣ, таҳияи моделҳои санҷишии макростресс, ҷалби мушовирон барои рушди бозори коғазҳои қиматноки БМТ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба татбиқи модули IFT ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар доираи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 иброз намуданд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 19-уми июн матлаберо таҳти унвони “Аз бунёди манзил то навсозии неругоҳ” нашр кардааст. Дар матлаби мазкур гуфта мешавад, ки ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди як қатор иншоот бомаром идома дорад, ки ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин, соҳиби шуғли шоиста шудани онҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон, дар матлаби мазкур омадааст, ки дар шаҳри Хоруғ хонаҳои истиқоматии нуҳошёна дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур — назди бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ бунёд гардида истодаанд. Иншоот аз 189 ҳуҷра иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир карда мешавад. Дар сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд, ки музди меҳнаташон то 3000 сомониро ташкил дода, бо ҷойи хоб ва се вақт хӯрок низ таъминанд. Сохтмони бинои мазкур соли 2022 оғоз шуда, анҷоми он то Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи ин ҳафтаинаи худ аз насби камераҳои автоматӣ ва радарҳо дар пойтахт хабар додааст. Дар матлаб омадааст, ки дар шаҳри Душанбе аз 20-уми июни соли равон камераҳои автоматӣ ва радарҳои дар роҳ насбшуда фаъол карда мешаванд. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, таҷҳизоти номбурда панҷ намуди вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд кардани суръати ҳаракат, набастани камарбанди бехатарӣ, таваққуф дар хатҳои дуюм ва сеюм, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат, монеа эҷод кардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро сабт мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ, дар шаҳр ва атрофи он, дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳо ба шаҳр ва дар ҷойҳое, ки ҳаракати нақлиёт зиёд аст, зиёда аз 6 ҳазор адад чунин техника насб карда мешавад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” инчунин дар матлаби дигаре хзабар додааст, ки дар ҷӯю наҳрҳои вилояти Хатлон давоми соли ҷорӣ 40 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Аз ин 12 хурдсоли то синни мактабӣ, 17 ноболиғ ва 11 нафар ҷавон мебошанд. Ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ аз ҷониби Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон шуруъ аз 20 июн амалиёти рамзии «Наҷот» ташкил карда шудааст. Дар доираи амалиёти мавриди назар кормандони милитсия ба соҳили каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳо, махсусан минтақаҳои барои оббозӣ мамнӯъ сафарбар карда шуда, маҷмӯи чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ доир менамоянд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 20-уми июн хабар дод, ки дар доираи лоиҳаи махсуси Smart City дар Душанбе 70 адад дастгоҳҳои барқдиҳанда фаъол шуданд, ки дар як вақт метавонанд ба 140 воситаи нақлиёт нерӯ бидиҳанд. Дастгоҳҳои барқдиҳанда аз 60 то 120 киловатт/соат нерӯ медиҳанд. Яъне электромобили дорои батареяи 40-киловатта тақрибан дар 40 дақиқа бо барқ пурра таъмин мешавад. Ҳамагӣ тибқи нақша дар пойтахт бояд беш аз 500 адад нуқтаи барқдиҳандаи гуногуншиддат насб карда шаванд.
Баҳруллои М.