20 июни 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия Идибек Қаландар бо намояндагони ширкати австриягии филмсозии “dreiD.at filmproduction GmbH” барпо гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ба навор гирифтани филми мустанадеро, ки ба зебоиҳои табиат, олами ҳайвоноту наботот, инчунин иқлим ва ҷуғрофияи кӯҳистони Тоҷикистон бахшида хоҳад шуд, баррасӣ намуданд.