21 июни соли 2024 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мудири кулли Идораи муҳоҷирати Хадамоти федералии давлатии корҳои дохилии Белгия Фредди Рузмонт баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам табодули афкор намуданд