Аз 20 июн дар Душанбе таваққуфгоҳҳои автоматикунонидашудаи пулакӣ барои автомобилҳо (поркингҳо) ба кор шурӯъ мекунанд. Мақсади асосӣ ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт дар Душанбе ва кам кардани тамбашавӣ дар роҳҳост, ки аксар вақт мошинҳои нодуруст таваққуфшуда ба вуҷуд меоранд.
Поркинг чист?
Поркинг (аз калимаи англисии parking) номи умумии таваққуфгоҳи мошин аст, аммо намудҳои таваққуфгоҳҳо гуногунанд. Таваққуфгоҳҳо ба заминӣ (кушода ё пӯшида), бисёрқабата (заминӣ, зеризаминӣ ва заминӣ-зеризаминӣ), пулакӣ, бепул, автоматикунонидашуда (худкор) тақсим мешаванд.
Таваққуфгоҳҳо пулакӣ тақрибан 90 сол боз вуҷуд доранд, онҳо ҳам барои одамон ва ҳам барои иқтисодиёт муфиданд. Чунин таваққуфгоҳҳо дар шароити рушди автомобилсозӣ дар ҷаҳон ва афзоиши доимии ҳаракати нақлиёт (трафик) дар шаҳрҳои калон (метрополияҳо)заруранд.
Аввалин таваққуфгоҳҳои пулакӣ ҳанӯз солҳои 1930-ум дар ИМА арзи вуҷуд кардаанд. Аз он вақт инҷониб онҳо дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон ташкил карда шуданд.
Ҳоло метрополияеро тасаввур кардан душвор аст, ки дар он ҳама таваққуфгоҳҳо ройгонанд ва аз рӯи қоидаҳо танзим карда намешаванд. Ва Душанбе низ истисно нест.
Аз чӣ сар шуд?
Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакиро Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021 таҳти рақами 1794 тасдиқ гардидааст, пешбинӣ намудааст. Дар моддаи 43 Қонуни мазкур чунин омадааст:
«1. Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок ва баҳисобгирии вақти таваққуфи воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
2. Фаъолияти таваққуфгоҳҳои музднок дар асоси қоидаҳои ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднок, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ё консессиядор тасдиқ карда мешаванд, амалӣ мегардад.
3. Консессиядор метавонад дар роҳҳои автомобилгарди ба идоракунии ӯ супоридашуда бо тартиби муқарраргардида қоидаҳои ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднокро тасдиқ кунад ва дар ҳудуди ҳамшафати роҳ нуқтаҳои таваққуфгоҳҳои музднокро ташкил намояд».
Мутобиқи ин ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (NERU) таҳия ва роҳандозӣ гардид, ки ба татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025, Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023-2028 нигаронида шудааст.
Лоиҳаи таваққуфгоҳҳои пулакӣ як иқдоми навоварона (инноватсионӣ) мебошад, ки ба системаи ташкили фазои таваққуфгоҳҳои шаҳри Душанбе тағйирот ворид мекунад. Он ба ҳалли мушкилоти таваққуфгоҳҳо, таъмини ҳаракати бароҳат ва бемамониати автомобилҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе мусоидат мекунад.
Ҷорӣ намудани системаи таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе ҳанӯз тобистони соли 2020 оғоз гардида, ҳамон вақт дар канори кӯчаҳо аломатҳое гузошта шуданд, ки таваққуфгоҳҳои пулакиро нишон медиҳанд.
Аввалин паркоматҳо (дастгоҳи автоматие, ки ҳисоб ва қабули маблағҳоро дар муддати дар таваққуфгоҳ будани автомобил таъмин мекунад) ва камераҳои назоратӣ дар роҳ дар муқобили бинои асосии ширкати Tcell ва дар кӯчаи М.Турсунзода (дар наздикии боғи «Куруши Кабир») насб карда шудаанд.
Баъдтар, соли 2023 дар дигар қисматҳои маркази шаҳри Душанбе аломатҳои таваққуфгоҳи пулакӣ гузошта шуданд. Дар кӯчаҳо ихтиёриён (волонтёрҳо) мегаштанд ва ронандагонро аз пардохти маблағи таваққуфгоҳи мошин огоҳ мекарданд.
Моҳи ноябри соли гузашта Парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Нет Солюшенс» ва ҶСП «Душанбе Сити Банк» дар бораи татбиқи Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ кард.
Гуфта шуд, ки барои nатбиқи лоиҳа то 10 миллион доллар сармоя ҷалб карда мешавад.
Дар куҷо ҷойгир мешаванд?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар якчанд нуқтаҳои шаҳр, дар он ҷойҳое, ки қаблан таваққуфи бетартиб ва бесарусомони мошинҳо бештар ба назар мерасид, ҷойгир карда мешаванд. Масалан, дар хиёбони Рӯдакӣ аз меҳмонхонаи «Душанбе» то истгоҳи роҳи оҳан дар ду тарафи роҳ. Инчунин дар муқобили «Олами китоб» (мағозаи «Гелос»), дар кӯчаи Мирзо Турсунзода дар тӯли боғи «Куруши Кабир», дар кӯчаи Ғаффор Валаматзода аз бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимиятми давлатии ноҳияи Шоҳмансур то фабрикаи «Ёкут – 2000» ва ҷойҳои дигар, ки бо аломатҳои дахлдор нишон дода, бо таблои иттилоотӣ ва паркомат таъмин карда мешаванд.
Шумо метавонед бо ҳамаи мавқеъҳои дорои таваққуфгоҳи пулакӣ дар сомонаи neru.dc.tj ва дар барномаи мобилии Neru шинос шавед. Метавонед бубинед, ки барои маъюбон чӣ қадар ҷойҳо ҷудо карда шудаанд.
Чӣ қадар пул бояд пардохт кард?
Дар шаҳри Душанбе як соати истифода аз таваққуфгоҳи автоматии пулакӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 3 сомониро ташкил медиҳад.
Шахсони маъюби гурӯҳи 1-2, инчунин мошинҳои хадамоти фавқулодда бо нишонаҳои махсус (сӯхторхомӯшкунӣ, милитсия, ёрии таъҷилӣ ва ғайра), ки дорои чароғҳои кабуд ва сурхи дурахшон мебошанд, метавонанд аз таваққуфгоҳҳои пулакӣ ройгон истифода баранд.
Аммо одамони маъюб танҳо дар ҷойҳои махсуси таваққуфгоҳ, ки бо аломати таваққуфгоҳ якҷоягӣ бо аломати 7.17 ҷудо карда шудаанд, таваққуф карда метавонанд. Чунин ҷойҳо дар ҳар як таваққуфгоҳи пулакӣ на камтар аз 10% ҷудо карда шудаанд. Дар ҳамаи дигар ҷойҳои таваққуфгоҳ таваққуфгоҳ дар асосҳои умумӣ (бо пардохт) амалӣ карда мешавад.
Муҳлати истифодаи ройгон чӣ қадар аст?
Давомнокии ҷойгиркунии воситаи нақлиёт дар таваққуфгоҳи пулакӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба истиснои 10 (даҳ) дақиқаи ройгон ҳисоб карда мешавад.
Пас аз 10 дақиқаи ройгон ронанда бояд барои истифодаи он пардохт намояд ва мӯҳлатро дароз кунад.
Дар таваққуфгоҳи пулакӣ ҳисоб кардани маблағ (тариф) аз лаҳзаи ворид шудани воситаи нақлиёт дар таваққуфгоҳ оғоз меёбад (ба истиснои давомнокии вақти ройгон) ва ба итмом расонидани он барои ҳар 1 (як) соат ҳисоб карда мешавад.
Истифодаи таваққуфгоҳ камтар аз 60 дақиқа як соати пурра ҳисоб карда мешавад.
Тартиби пардохт чӣ гуна аст ?
Дар дафтари шахсии Барномаи CityParking ва ё дар сомонаи https://www.cityparking.tj/, ки дар он ҷо пешакӣ сабти ном шудааст.
Системаи пардохт комилан автоматӣ аст.
Ба ҳисоби шахсӣ ворид шавед;
Бахши «Таваққуфгоҳ» -ро боз намоед;
Рақами таваққуфгоҳро ворид кунед;
Рақами бақайдгири давлатии воситаи нақлиётро нишон диҳед;
Давомнокии истифодаи таваққуфгоҳро муайян кунед;
«Пардохти таваққуфгоҳ» – ро клик кунед.
Шумо метавонед паркоматро барои пардохт истифода баред:
Опсияи «Пардохти таваққуфгоҳ» – ро интихоб кунед;
Рақами мошинро дар формати 0000АА01 ворид кунед;
Рақами таваққуфгоҳро тасдиқ кунед ё рақами дигарро ворид намоед;
Вақти таваққуфро муайян кунед ва онро бо корти бонкӣ пардохт намоед;
Паёми SMS-ро интизор шавед.
Ҷарима барои напардохтани ҳақи истифода
Соҳиби воситаи нақлиёт метавонад дар ҳолатҳои зерин ҷарима карда шавад:
– барои пардохт накардани ҳақи истифодаи таваққуфгоҳ;
– пардохти ҳақи истифодаи таваққуфгоҳ ба маблағи камтар;
ҷойгиркунии воситаи нақлиёти автомобилӣ бо вайрон кардани сарҳади ҷойҳои таваққуфгоҳ;
ҷойгиркунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар он ҷойҳои таваққуфгоҳ,ки барои воситаҳои муайяни нақлиёт (маъюбон ё электромобилҳо) пешбинӣ шудаанд, дар сурати мавҷуд будани аломати ин ҷойҳо ва хатҳои уфуқии аломатгузорӣ;
– дар сурати риоя накардани талаботи муқаррарнамудаи аломатгузории роҳ дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои пулакӣ;
– ҷойгиркунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо рақамҳои давлатии хонданашаванда ё эҷоди ягон монеа барои хондани онҳо, рақамҳои давлатии бегона ё ғайристандартӣ;
– таваққуф дар пиёдагард;
– ифлос намудани минтақаи таваққуфгоҳи пулакӣ;
– дар дигар ҳолатҳои вайронкуниҳои Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба таваққуфгоҳҳо ва дтгапр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Мавҷуд будани ҷаримаро дар ин сомона санҷидан мумкин аст: www.cityparking.tj
Маблиғи ҷаримаро низ тавассути ин сомон метавон пардохт кард: www.cityparking.tj
Дар сурати пардохт накардани ҷаримаҳо бо ёрии блокиратор метавонад ҳаракати воситаи нақлиёти ҷаримашударо маҳдуд карда ва ё воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол дода шавад.
Бознашр аз сомонаи расмии Вазорати нақлиёт