Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон” баргузор гардид. Дар Конфренсия намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, кормандони академия ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода дар конфронс суханронӣ намуда, иброз дошт, ки академия ният дорад дар Тоҷикистон конфронси сатҳи байналмилалӣ доир намояд ва маҳсули академияро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Ҳамчунин дар ҳамоиш докторони академияи мазкур дар мавзӯъҳои гуногун маърӯза намуданд. Ёдовар мешавем, ки конфронс дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, доир гардид.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”