Баргузории намоиши дастовардҳои пажӯҳишгоҳҳои АМИТ

Имрӯз дар саҳни бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои пажӯҳишгоҳҳои ин академия баргузор гардид. Намоиши мазкур дар пайравӣ ба мулоқоти Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат гузаронида шуд. Дар намоишгоҳ президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахзода иштирок карда, аз дастовардҳои олимони институтҳои академия дидан намуд.

Дар саҳни бинои АМИТ олимону донишмандон, магистрантону донишҷӯён ҷамъ омада, аз намоиши дастовардҳои пажӯҳишгоҳҳои АМИТ дидан карданд. Чорабинӣ бо мақсади пайвастагии илм дар истеҳсолот доир гардид. Ориф Амирзода директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки айни замон институти мо дар самти ташаккули обовардҳои сахт дар ҳавзаи дарёи Вахш таҳқиқотҳои илмӣ бурда истодааст ва бояд бигӯям, ки натиҷаҳои он барои рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки истифода кардани илм дар истеҳсолот барои рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакат заминаи муносиб мегузорад. Сулаймони Ҳакимзод ходими хӯрди илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИТ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки мақсади асосии интститути мо аз иштирок дар намоишгоҳ, ин шинос кардани мардум бо ҳайвонҳои нодири кишварамон ва муҳофизат кардани онҳо мебошад.

Абдураҳмон Пулодов директори Осорҳонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҳамасола тақрибан 18 – 20 экспедитсияҳои алоҳида ва муштараки байналмилалӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки дар онҳо бостоншиносони институти мо иштирок варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии дастовардҳо ва ҳавасманд гардонидани олимони иститутҳои АМИТ мусоидат менамояд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”