Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) қабул гардидааст, ки то соли 2030 идома меёбад. Дар ин хусус аз Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
Лоиҳаҳои аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) маблағгузоришаванда зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Алваро Ларио дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ гуфта шуд, ки соли 2008 сармоягузории мустақими Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди деҳот 115 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро ташкил дода, шумораи умумии манфиатгирандагон зиёда аз 300 ҳазор хонаводаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин бо дастгирӣ ва ҳамкории зичи мутақобилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Вилояти Хатлон, марҳилаи якуми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва Лоиҳаи «Дастгирӣ ба ғизои мактабӣ» муваффақона амалӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамкории чандинсола ва сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзиро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, вазъи бозори ҷаҳонии озуқа ва афзоиши мунтазами нархи ҷаҳонии озуқа, обёрии заминҳо, дастрас намудани тухмии зироати ба хушкӣ тобовар, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҳолати мелиоративии чарогоҳҳо, беҳтар намудани зотҳои чорвои маҳаллӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.