ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ»

Имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 ноҳияи Фирдавсӣ маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ноҳиявии “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси ноҳия Шукурзода Саодат Нусратулло ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили диплому сипоснома ва мукофотҳо ғолибони озмуни мазкурро шодбош гуфтанд.


Зимни ироаи суханронӣ, Шукурзода С. аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҳавасмадгардонии ғолибон ёдовар шуда, дар фаъолияти минбаъда ба иштирокчиён пирӯзиҳои нав ба навро таманно намуд.


Тавре ҳамагон огаҳанд, озмуни мазкур аз рӯйи як номинатсия миёни гуруҳҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои номзадҳо ва докторони илм, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики ҳамаи зинаҳои таҳсилот), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор гардида буд.


М. Пардаев,

Радиои Тоҷикистон