Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои меҳмонон ва иштирокчиёни он 7 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардида, меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор, шаҳри Норак, шаҳри Роғун, дараи зебоманзараи Ромит, ва Варзоб дидан карда, бо мавзеи зебою назаррабои ин минтақаҳо шинос шуданд.
Танҳо ба шаҳри Норак беш аз 170 нафар сафар кард, ки бештарашонро меҳмонони хориҷӣ ташкил менамуд. Меҳмонон ва иштирокдоронро дар даромадгоҳи шаҳри Норак сокинон бо нону намак, рақсу тарона ва бо меҳмоннавозии хоссаи тоҷикона пешвоз гирифтанд. Онҳо бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуда, обанбори Норак, агрегатҳо ва осорхонаи ин иншооти бузурги гидроэнергетикиро тамошо намуданд. Ба меҳмонон доир ба таърих ва фаъолияти неругоҳ маълумот дода шуд. Сарвазири Ҷумҳурии Габон, Раймон Сима дар суҳбат ба хабарнигорон табиати зебою нотакрори кишвари моро камназир арзёбӣ кард.
“Сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳамаи кишварҳои ин минтақа манфиати зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оваранд. Метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сайёра пешсаф буда, бо иқдому ташаббусҳои бузурги башардӯстона дар масъалаи об ва дигар масоили умдаи байналмилалӣ Сарвари давлати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон шахсияти шинохта мебошанд”,-иброз намуд Сарвазири Ҷумҳурии Габон, Раймон Сима.
Дигар меҳмонон низ Тоҷикистонро макони афсонавӣ номида, ба мардуми меҳмоннавози тоҷик, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдомашон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки муҳим ва башардӯстона мебошад, баҳои баланд доданд. Меҳмонон раҳораҳ бо хандаву шодӣ манзараҳои Тоҷикистонро тамошо карда, мафтуни табиати нотакрори мо гардиданашонро баён намуданд. Дар суҳбат бо мо меҳмон аз Туркия, Лейло Узғули тассуроти хешро чунин баён намуд. “Бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Воқеан ҳам обу ҳаво, манзараҳои ҷолиб ва дар умум табиати Тоҷикистон бисёр зобою камназиранд. Ба ман мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаву озода, боғҳои ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёдшуда хеле писанд омад. Бисёр мардуми меҳмондусту меҳмонавоз ҳастанд”.
Ҳангоми таомошо аз обанбори Норак масъулин ба меҳмонон иттилоъ доданд, ки агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» 50 сол муқаддам — соли 1972 ба истифода дода шуда, моҳи декабри соли 1979 агрегати охирини неругоҳ барои истеҳсоли неруи барқ мавриди истифода қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар бунёди ин иншооти бузурги стратегию энергетикӣ намояндагони 50 халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон саҳм гузоштаанд. Неругоҳи Норак бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза барои пешрафти саноати мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамин тавр меҳмонон маконҳои таърихӣ, иншооти истеҳсолиро тамошо карда, аз пазироии самимии мардуми сарбаланди Тоҷикистон, боду ҳавои форам, ҳусни нотакрори табиати ин сарзамин, обҳои мусаффои ҷонбахш таассуроти нек бардошта, Тоҷикистонро макони афсонавӣ номида, ба мардуми меҳмоннавозии он баҳои баланд доданд.
Баҳруллои М.