Дар шаҳри Душанбе вазъи хизматрасонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ шуд

13-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолл Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблии зимни ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорат додашуда доир ба бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ҷаласаи корӣ доир гашт.

Дар он муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур вазъи кунунии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷараёни маъракаи иммунизатсия, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, назорати қатъии беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, дарёфт ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, одоби муоширати табибон бо беморон ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Махсусан, дар ҷаласаи мазкур ба масъалаву мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.