Имрӯз дар шаҳри Душанбе форуми Осиёи Марказӣ «Об ва тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. Форуми мазкур ҷузъи ҷудонашавандаи Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» буда, дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва шарикони ширкат хоҳанд доранд. Иштирокчиёни ҳамоиш баргузории форуми мазкурро дар доираи Конфронси оби Душанбе ба афзалиятҳои миллӣ дар соҳаҳои муҳити зист, тағирёбии иқлим ва идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мутобиқи ӯҳдадориҳои миллӣ дар доираи Созишномаи Париж ва Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 муҳим арзёбӣ намуданд.
Раиси Куммитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Рустам Назарзода дар баромади худ зикр намуд, ки баргузории форуми Осиёи марказӣ «Тағйирёбии об ва иқлим» дар шаҳри Душанбе ба беҳбуди муколамаи обу иқлим байни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба татбиқи сиёсатҳои огоҳона, нақшаҳои мутобиқсозии миллӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин таҳкими минтақавӣ бахшида мешавад.
Зикр гардид, ки ҳадафи умумии форуми мазкур дастгирӣ ва рушди устувор ба иқлим дар Тоҷикистон, водии Фарғона, минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон, ва Ӯзбекистон ва беҳтар кардани ҳамкорӣ ва баланд бардоштани устувории ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ва минтақавӣ ба таҳдидҳо ва хатарҳои марбут ба тағирёбии иқлим мебошад.
Баҳруллои М.