РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. “ЗАНОН ВА ОБ”

Яке аз форумҳое, ки дар заминаи Конфронси 3-юми байналмиллалии амал “Об – барои рушди устувор 2018 – 2028” ҷараён дорад, ин форуми “Занон ва об” аст. Ин форум дар “Кохи Наврӯз” баргузор гардида истодааст. Он фарогири масоили нақши занон дар соҳаи идоракунии захираҳои об ва масъалаҳои гендерӣ ҳамзамон ҳуқуқ ба об ва ғайра мебошад.

Дар форум намояндагони Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, коршиносони соҳаи захираҳои об ва масъалаҳои баробарии гендерӣ, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доранд. Форум намояндагони 27 мамлакатро ба ҳам оварда перомуни масоили мухталиф андешаронӣ ҷараён дорад.

Қаландар Норов