Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултаи ҳуқуқшиносӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуъи “Ҳолат ва дурнамои рушди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Чорабинии мазкур дар заминаи Консепсияи ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 баргузор гардида, доираи зиёди олимону коршиносони ватанию хориҷӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва кормандони касбу кори гуногуни ба хизматрасонии давлатӣ алоқаманд, инчунин унвонҷӯёну муҳаққиқони чавонро гирд оварда, вобаста ба мавзуи баррасишуда андешаронии судманд сурат гирифт.
Раванди баргузории чорабини мазкур дар ду рӯз ба нақша гирифта шуда, дар он масъалаҳои гуногуни ба ташаккули ҳукумати электронӣ, рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ, истифодаи ҳуҷҷат ва имзоҳои электронӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили коршиносон қарор дода мешавад.
Пардаев М.