6 июни соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо раванди татбиқи тавофуқотҳои зимни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия 9 майи соли 2024 ҳосилшударо баррасӣ карданд.
Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Русия табодули афкор сурат гирифт.