Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин ба хотири некӯаҳволии мардум ва шукуфоии давлатҳо ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки байни Сарони Тоҷикистон ва Чин- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин равобити хуби корӣ ва дӯстии шахсӣ инкишоф ёфта, ба рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мустаҳками сиёсӣ гузошта, дурнамои дурахшони рушдро муайян намудааст.
Тавре таъкид карда шуд, мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд нишони он ҳастанд, ки роҳбарони ин давлатҳо омодаанд, ки роҳи таҳкими шарикии стратегиро низ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай идома диҳанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикӣ ва ҳамкории мутақобила бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ мебошад.
«Давоми се даҳсола робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар заминаи ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва эътимод босуръат инкишоф ёфта, метавонанд ба тавсеаи ҳамкории давлатҳои мо таъсири судманд расонанд»,-афзуд Мавсума Муинӣ.