Имрӯз дар толори Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи ” Қонуни танзим – омили рушди мафкураи миллӣ” баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқони соҳа иштирок ва дар бораи самаранокии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” маърӯза намуданд.
Қайд карда шуд, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.