Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро таҷлил менамоянд. Аз ҷумла, дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт низ таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд!» барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Дар ҷараёни ҳамоиш намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ гузаронида шуданд.
Ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария амалӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ номида, ба парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсили босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгор фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод пайваста озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро бо иштироки кӯдакон доир менамояд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кӯдакон, махсусан ятимон, маъюбон ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Барои бо ҳаёти пурарзиш ва сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ талош меварзад. Далели он таҳия ва тасдиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» мебошад, ки дар доираи он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмуъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома шароит фароҳам меорад, ки дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 мутобиқи нақша муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис шуда, рақобатпазирӣ дар гирифтани таҳсили босифати томактабию умумии хусусӣ таъмин гардад.
Тибқи барнома, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.
«Яъне, тибқи нақшаи барнома бояд соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд», — иттилоъ доданд дар Вазорати маориф.
Ҳамин аст, ки соли 2022 Тоҷикистон дар радифи 10 давлати ҷаҳон барои ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифта буд. Натиҷаи таҳқиқоти байналмилалии RGCA (Гурӯҳи таҳқиқотии Осиёи Марказӣ), маълумоти ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ ва OECD (Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд) рейтинги динамикаи ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро нашрияи «Finance Inquirer» нашр карда буд.
Дар радифи 10 кишвари ҷаҳон Узбекистон бо 59 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 33 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои дуюм ва Беларус бо 7 фоиз дар ҷойи сеюм қарор гирифта буд.
Тибқи омори соли 2023, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 717 адад расида, дар онҳо 104 ҳазору 921 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки барои ба воя расонидани фарзандони солеҳу муваффақ падару модаронро зарур аст, ки дар қатори муассисаҳои таълимӣ саҳм гузоранд ва ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон ба муқобили зуҳуроти манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд.
Имрӯз насли ҷавонеро бояд тарбия намоянд, ки дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал карда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»