29 майи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи минтақавии ширкати Eging PV Technology Co., LTD дар Осиёи Марказӣ – Менг Ёнгфанг баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.
Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатиро муаррифӣ намуда, даъват ба амал овард, ки барои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки кишвар иштирок намоянд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар доираи вохӯрии мазкур Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ширкати Eging PV Technology Co., LTD оид ба сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба имзо расонида шуд.
Қайд бояд кард, ки ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳи барқии офтобиро бо маблағи 150 млн. доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 га замин дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба роҳ монад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.