28-уми май вохӯрии масъулини соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо Карл Хюнву Ча намояндаи Палатаи Савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ доир ба тармиму барқарорсозӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд изҳори андеша намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам тавсеа меёбад.