Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанг, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ширкатҳои саҳмдор ва сокинону меҳмонони пойтахти кишварамон иштирок намуданд.
Дар оғози маросим Зафаршо Иброҳимзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон баромад карда, иброз намуд, ки иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” аз соли 2013 инҷониб дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, имсол бори 10–ум аст, ки роҳандозӣ мегардад.
Дар идома Манучеҳр Шарифзода муовини вазири фарҳанги кишвар суханронӣ карда, қайд намуд, ки иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” имконият медиҳад, ки осорхона барои қишрҳои гуногуни ҷомеа дастрас ва ҳамчун макони ҷамъиятӣ баҳри баргузории намоишҳои фарҳангӣ муаррифӣ шавад.
Маврид ба зикр аст, ки имсол дар маҷмӯъ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар доираи иқдоми байналмилии «Шабе дар Осорхона» 24 барномаи гуногуни фарҳангӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод гардида, он то соати 23:00 шаб идома кард.
Бояд гуфт, ки Мақсад аз баргузории «Шабе дар Осорхона» амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ-маърифатӣ вобаста ба бахшҳои гуногуни фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхона ҳамчун макони таълимӣ-маърифатӣ мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“