Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар Дави миллӣ зиёда аз 55 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1700 кас иштирок намуданд. Дар ин бора Сардори Раёсати рушди варзиши касбӣ ва кор бо ташкилотҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Изатуллоев ба радиои Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, иштирокчиён то «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт байни ҳам сабқат намуданд. Дар ин чорабиниҳои оммавии варзишӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо фаъолона иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Мусобиқаи навбатӣ 17 — умин Дави миллӣ маҳсуб мешавад,-илова кард сардори Раёсат Аҳлиддин Изатуллоев.
Маликов Машраб
радиои “Тоҷикистон“