Мулоқоти ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Чин

Имрӯз баъд аз мулоқоти як ба яки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, вохӯрии ҳайатҳои васеи ду кишвар сурат гирифт. Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И аз рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва ба марҳилаи нав ворид шудани  он, бо қаноатмандӣ ёдовар шуданд.

Баъд аз дидори ҳайатҳо, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.