Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд

18-19 майи соли 2024 бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин (КМ ҲКУ), роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии КМ ҲКЧ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора ВКХ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Дар доираи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Чин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда, инчунин мулоқоти ӯ бо  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар назар аст, ки дар рафти сафар Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи солҳои 2024-2025 ба имзо расад