14-уми майи соли 2024 Педро Олтюб, директори идоракунандаи машварат, омӯзиш ва инноватсияи ширкати Eductrade, Айгул Казжанова, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, Луис Тангал, директори лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, Гуля Холмаҳмадзода, ҳамоҳангсози Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, инчунин намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти озмоиши маҳаллии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025 дидан карданд.
Намояндагон баъди баргузории озмоиши маҳаллии арзёбии хонандагон дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Шоҳмансур аз хонандагон барои иштироки фаъолонаашон дар озмоиши маҳаллии PISA 2025 сипосгузорӣ намуда, ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар озмоиш ва арзёбии асосии PISA 2025 бори аввал иштирок кунад ҳам, барои татбиқи ин барнома ва арзёбии воқеии дониши хонандагон тайёрии хуб дидааст, ки ин метавонад барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Тоҷикистон ва беҳбудии соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварад.
Озмоиши маҳаллии PISA 2025 ҳоло дар 71 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии интихобгардидаи шаҳри Душанбе бо иштироки хонандагони синфи 9-ум идома дорад. Барнома дар доираи Лоиҳаи “Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодааст.