Матбуотии даврии Тоҷикистон ин ҳафта доир ба рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз ҷумла тағйирёбии глобалии иқлим ва пешгирӣ аз он, бетартибиву бенизомии ронандагон дар роҳу нақлиёт ва роҳ надодан ба нақлиёти ҳолатҳои фавқулодда, хурофотпарастӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп намуданд.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 май мақолаеро таҳти унвони “ГИРОМИДОШТИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАШРИ КИТОБИ НАВИ “ҶУМҲУРИЯТ” БА ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИВУ РУСӢ” нашр кардааст. Муаллифи матлаб нақши Бобоҷон Ғафуровро дар соҳаҳои фарҳангу санъат, илму маориф, таъриху тамаддун ва иҷтимову сиёсат баланд арзёбӣ ва робитаву ҳамкории ҳамешагии ӯро бо матбуоти тоҷик дар мисоли назаррас арзёбӣ кардааст. Ҳамзамон, муаллиф дар идомаи матлаби хеш аз нашри китоби “Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ”, ки аз ҷониби рӯзномаи Ҷумҳурият ба ду забон – тоҷикиву русӣ – нашр гардидааст, ёдовар мешавад.
Ҳамзамон, нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14-уми май, мақолаи таҳилилеро бо номи “ПИРЯХҲО. МАНБАЪҲОИ ОБИ ОШОМИДАНӢ БОЯД ҲИФЗ ШАВАНД”! ба нашр расонидааст. Муаллифи матлаб аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ташабусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт ёдовар шуда, тағйиёбии иқлим, бахусус хушксолӣ ва обшавии пиряхҳоро яке аз хатарҳои замони муосир арзёбӣ намудааст.
“Метавон гуфт, ки дар замони бархӯрди тамаддунҳо ҳифзи муҳити зист тимсоли заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Дар радифи ин мушкилоти экологӣ, яке аз тамоюлҳои муосир масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ маҳсуб меёбад. Суръати баланди афзоиши аҳолӣ дар минтақа ва тағйирёбии иқлим, ки ба раванди обшавии пиряхҳо таъсири манфӣ мерасонад, сол ба сол боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон мегардад”,- зикр намудааст, муаллиф.
Рӯзномаи “Садои мардум” дар шумораи ин ҳафтаинаи худ матлаби мушовири калони Комиссияи МНМО ҶТ оид ба назорати дастур ва ташкили кор Баҳрулло Ғаюровро ба табъ расонидааст. Матлаб таҳти уновни “Оила – макони ҳамзистии осоишта” бахшида ба рӯзи байналмилалии Оила чоп гардидааст. Муаллиф дар оғози матлаби хеш аз қонун ва дигар санадҳои меъюриву ҳуқуқие, ки муносибатҳои оилавиро ба танзим меоранд ёдовар шудааст. Ба зикри муаллиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ, зерқонунӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари муҳими сиёсию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки барои банақшагирӣ ва амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи оила, ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, арзишҳои оилавӣ, таъмини шароити зарурӣ барои амалигардонии функсияҳои оила ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таъмин намудани зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи аъзои оила равона гардидаанд. Муаллиф дар фарҷоми матлаби хеш таъкид мекунад, ки риояи талаботи санадҳои мазкур ва эҳтироми онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои оила аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 15-уми май мақолеро доир ба роҳ надодани нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” дар роҳои мошингузар чоп кардааст. Дар матлаби мазкур омадааст, ки Ёрии таъҷилӣ дар муддати на беш аз 4 дақиқа баъд аз қабули даъват бояд омодаи сафар бошад. Ба назди бемор бошад мувофиқи таҳлилҳо, вобаста ба масофаи роҳ то 12 – 13 дақиқа ҳозир шудан лозим аст. Вале монеаҳои роҳ ё роҳ надодани ронандагони автомобилҳои шахсӣ сабаб мешавад, ки аз вақти муайяншуда дер кунанд.
Дар идома гуфта мешавад, ки “Ёрии таъҷилӣ”-и Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ аз бетартибӣ ва қоидавайронкуниҳои ронандагон дар роҳҳои пойтахт ба мо шикоят карда, гуфтаанд, ки ба назди бемор дар вақти муяншуда расида рафтан ниҳоят мушкил аст. Ба ақидаи онҳо аксари ронандагоне, ки нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ”-ро роҳ намедиҳанд, шаҳодатномаи ронандагиро бо пул харидаанд ва шумораашон ниҳоят зиёд аст.
Ҳамзамон, дар охири матлаб зикр гардидааст, ки дар ҳолати роҳ надодан ба нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” ронандагон тибқи моддаҳои 318 ва 326-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳатто агар чароғак сурх бошад ҳам “Ёрии таъҷилӣ” ва ё дигар нақлиёти хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ҳуқуқ доранд, ки дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ бо фаъол кардани сигнали сирена онро гузаранд.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” бо нашри матлабе хабар дод, ки шумораи блогерҳо ё шахсони воқеие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар ҳоли афзоиш аст, вале баъзе аз онҳо, новобаста аз чораҷӯиҳои мақомоти андоз, то ҳол бе қайди давлатӣ фаъолият доранду аз ҳисоби даромадҳои ба дастовардаи худ ба мақомоти андоз эъломияҳои андозро пешниҳод намекунанд. Ин дар ҳолест, ки бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ, харидуфурӯши молҳо, пешниҳоди кору хизматрасониҳо ва тарғибу ташвиқи молу маҳсулот тавассути шабакаҳои интернетӣ имрӯз аз ҷониби шаҳрвандон васеъ ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, ки ҳоло дар мақомоти андози мамлакат бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб кардани шахсоне, ки бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ намуда истодаанд, хуб ҷараён дорад. Даромади умумии блогерон дар семоҳаи аввали соли 2024, дар маҷмӯъ, 5,2 миллион сомонӣ ва маблағи андози ҳисобшудаи онҳо дар ин давра 489,8 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Дар фарҷоми матлабти мазкур зикр гардидааст, ки ҳоло ҷониби мутахассисони мақомоти андоз ҷиҳати муайян кардани блогерҳои дигари беқайд ва пайдо кардани манбаъҳои андозбандишавандаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсии “Пайк” мақолаеро таҳти унвони “Ҳам фолбинҳо ва ҳам эътиқодмандонашон” бояд муҷозот шаванд” чоп кардааст. Муаллифи матлаб зикр мекунад, ки ба фаъолтияти фолбинӣ ва ҷодугарӣ машғул шудан ҳам аз нигоҳи шариат ва ҳам аз нигоҳи ҷамъият ҳаром буда, он ки бо ин роҳ пул ба даст меорад, палид асту нопок. Бар замми ин боз мардумфиребӣ мекунанд, сахт бадбахт аст. Ӯ ки бо чунин аъмол боздошта мешавад, бояд назди қонун ҷазояшро бубинад.
Дар идомаи ин матлаб ахбори ВКД дар мавриди дастгир шудани чанд нафар бо иттиҳоми фолбинию ҷодугарӣ оварда шудааст. Муаллиф дар шарҳи хабарҳо менависад, ки бояд худи эътиқодмандони сеҳру ҷоду низ ҷазо дода шавад.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”