13-уми майи соли 2024 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардидааст, ки низоми 10-хола дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ шудааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, тренерони соҳавӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм иброз доштааст, ки гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ тақозои замони муосир буда, моро мебояд, ки ҷиҳати амалӣ шудани низоми нави баҳогузорӣ чораҳои таъхирнопазир андешем.
Гуфта шудааст, ки санҷидан ва арзёбӣ кардани дониш ва маҳорату малакаҳои хонандагон дар раванди таълим яке аз муҳимтарин омилҳои рушди зеҳнӣ, бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон барои фарогирии дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонидани онҳо буда, яке аз воситаҳои муҳимми назорати падару модарон нисбат ба фаъолияти таълимии фарзандон мебошад. Маҳз тавассути баҳогузорӣ дониши хонанда арзёбӣ мегардад ва падару модарон ба воситаи он раванди донишазхудкунии фарзандонро назорат карда, бо омӯзгорон ва муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ менамоянд. Бинобар ин, ҷиҳати идомаи ислоҳот дар ин самт Вазорати маориф ва илм омӯзишу озмоишро ба роҳ монда, барои амалӣ намудани онҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст. Гурӯҳҳои корӣ дар 140 муассисаи таълимӣ низоми баҳогузории мазкурро роҳандозӣ менамоянд ва аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор мегирад.