Аз ҷониби Ассотсиатсияи таҳсилоти олии Чини Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази хизматрасонии Чинии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин 89 ихтисоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аккредитатсияи байналмилалии донишгоҳӣ (Institutional accreditation) гузаштааст.
Тавре сомонаи ДДОТ хабар додааст, барои супоридани сертификати мазкур намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла Чжао Хун Лян, директори ширкати таҳсилотии Шангдони Хитой, Ден Ронг Бан, ректори Донишкадаи Техникии Кумин ва 10 нафар омӯзгорони муассисаҳои олии Чин ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки чанде пештар барои фаъолияти ҳамаҷонибаи пурсамар дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла иштироки фаъолона дар озмунҳову олимпиадаҳои байналмилалӣ, баргузории дарсҳои видеоӣ ба зобонҳои русиву англисӣ, табодули академии донишҷӯён ба макотиби олии хориҷи кишвар, фиристодани омӯзгорон ба таҷрибаомӯзӣ, баргузории чорабиниҳои сатҳи дохиливу байналмилалӣ, чопи мақолаҳо, ҷалби грантҳои хориҷӣ ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо аз тарафи Муассисаи “London School of Digital Business” инчунин иштироки фаъолонаи донишҷуён бадарс, таҷрибаомӯзии омӯзгориву истеҳсолӣ ва эътирофи дастовардҳо ба “Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ (LREA 2023)” сазовор дониста буд.