Рақобатҳои даври 6-уми Лигаи Олии Тоҷикистон бо ғалабаи “Хуҷанд” бар “Панҷшер”, “Ҳосилот” бар “Барқчӣ”, КМВА бар “Куктош” ва мусовии “Эсхата” бо “Истаравшан” доир гардид. 2 дидори дигари давр ҳоло баргузор нагардидааст.
Даври 6-ум бо дидор байни дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Барқчӣ”-и Ҳисор дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор рӯзи ҷумъа, 10-уми май оғоз гардид. Дар рақобати мазкур бозигарони мизбон бартарӣ нишон дода, бо ҳисоби калони 3 бар 0 зафар ёфтанд. Ҳамлагари соҳибноми дастаи “Ҳосилот”, Шериддин Бобоев дар қисми якум тавонист ду гол зада, дар номаш дублро сабт кунад. Голи 3-юми мизбононро лигионери даста Арсен Обама дар дақиқаи 66-ум ба ҳадаф расонид ва Ҳосилот пирӯзии боварибахшро муқобили Барқчӣ ба даст оварда, 3 имтиёзӣ заруриро соҳиб гардид. Баъд аз ин пирӯзӣ дастаи Ҳосилот имтиёзҳояшро ба 9 адад баробар карда, ба мавқеи 5-ум баромад. Аммо рақиби асосии ин даста “Равшан” то ҳол бозии даври 6-умро доир накардааст. Дар сурати ғалаба “Равшан” метавонад дигарбора аз Ҳосилот пеш гузарад.
Дар ҳамин рӯз, бошгоҳи “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ андарин майдон шуда, бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба кард. Мизбононро Сканян бо голи задааш аз пеналтӣ дар дақиқаи 21-ум ба пеш баровард. Қисми аввал бо ҳамин як гол ба охир расид. Артём Сердюк ҳамлагари “Хуҷанд” дар дақиқаи 57-ум гол зада, ҳисобро дуболо кард. 11 дақиқа баъд меҳмонон ба ду голи “Хуҷанд” як маротиба ҷавоб гуфтанд. Муаллифи гол Шафиев гардид. Ҳамлагари рустабори мизбонон Сердюк дар дақиқаи 71-ум гол зада, ҳисобро 3 бар 1 намуд ва ба дидор нуқта гузошт. Баъди ин ғолибият “Хуҷанд” бо 10 имтиёз ба мавқеи 4-уми ҷадвал баромад. “Панҷшер” бошад дар 6 бозии доиркардааш 1 ғалаба ба даст оварда, дар 5 дидори дигар ба бохт рӯ ба рӯ шудааст ва бо 3 имтиёз дар ҷои 11-ум қарор гирифтааст.
Ҳамчунин дар ин давр КМВА бо 3 голи беҷавоб “Куктош”-ро бо шикаст дод. Ин 5-умин ғалаби КМВА дар мавсими ҷорӣ буда, як мусовӣ ҳам дорад. Бо 16 имтиёз КМВА ба садри ҷадвали чемпионати Тоҷикистон баромад. “Эсхатав”-у “Истаравшан” дар даври мазкур бо ҳисоби 2 бар 2 мусовӣ кард. Дастаҳои мазкур 5 имтизӣ дошта мутаносибан дар ҷойҳои 7-уму 8-ум қарор доранд.
2 дидори дигари давр байни дастаҳои “Истиқлол”-у “Регар-ТадАз” ва “Вахш”-у “Равшан” рӯзи 15-ум доир мегардад. Истиқлол дар ҳоли пирӯз гардиданд метавонад боз ба садри ҷадвал барояд.