13 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ вохурӣ намудааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, менависад, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Бонки ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Қайд гардидааст, ки дар кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағгузории бонки мазкур якчанд лоиҳаҳо бомуваффақият амалӣ шуданд, ки ин нишонаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ин бонк бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат мебошад.
Гуфта шуд, ки лоиҳаи “Миллати солим” дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия гардида, ҳадафи он боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат мебошад.