Обхезӣ дар Афғонистон: Беш аз 300 нафар ҳалок ва 1600 нафар маҷруҳ гардид

Дар Афғонистон дар пайи боришоти пай дар пайи борон обхезӣ сар зад. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии тулунюс дар пайи офати табиӣ 350 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1600 нафари дигар маҷруҳ гардид.

Обхезӣ бештар ба минтақаҳои вилояти Бағлон хисорот ворид кардааст. Беш аз ду ҳазор бинои истиқомативу маъмурӣ пурра хароб гардидааст. Даҳо ҳазор сар чорвои хонагӣ талафот ёфта, садҳо ҳазор гектар замини корам хароб гардид.

Дар робита ба боришоту обхезӣ вазъи фавқулодда эълон гардида, корҳои бартарафсозӣ идома дорад. Ёдовар мешавем, ки боришоти мавсимӣ дар Афғонистон ҳанӯз моҳи апрел оғоз шуда буд.