Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуъи «Менеҷменти инноватсионӣ дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ» бахшида ба солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ доир гардид.
Конфронс бо ибтикори кафедраи менеҷмент ва маркетинги донишгоҳи мазкур баргузор гардида, дар кори он меҳмонон аз дохил ва хориҷӣ кишвар иштирок ва дар мавзуъҳои гуногун, ки ба рушди иқтисодӣ рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бахшида шудааст маърӯза намуданд.
Дар ҳамоиш олимону мутахассисон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ масъалаҳои муҳим, аз қабили идоракунии инноватсионӣ, таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат ва рушди захираҳои инсонӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодро баррасӣ намуда, баргузории чунин конфронсҳоро барои таҳкими робитаҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои мутахассисон ва ҷустуҷӯи роҳҳои амалии татбиқи технологияҳои нав дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди рақамӣ бисёрҳам назаррас хондаанд.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои «Тоҷикистон»
