Дар рӯзи аввали аввалин мусобиқаи мӯҳташами Grand-Slam, ки дар вазнҳои -60, -66 кило миёни мардҳо ва -48, -52, -57 кг рақобатҳо сурат гирифт, 4 паҳлавони тоҷик, маҳорати баланд нишон доданд.
Ҳамакнун ду нафар- Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Обид Ҷебов (-66кг), барои медали тилло ва ду нафари дигар: Ҳақдод Гулов (-60кг), Муллораҷаб Халифаев (-66кг). барои медали рақобат мекунанд. Ин шом рақобатҳои даври финалӣ соати 17-00 баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, дар мусобиқаи мазкур наздики 70 кишвари иштирокчӣ ба қайд гирифта шудааст ва шумораи варзишгарон 390 (204 мард, 186 бону) мебошад ва мусобиқаи мазкур барои ба даст овардани холҳои олимпӣ имкон хуб аст.
Саидэҳсон Ҷалолиён,
радиои Тоҷикистон