Чемпионати Осиё 2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ин мусобиқа нахустин бозиашро анҷом дод

Шоми дирӯз (16 апрел) дар Варзишгоҳи байналмилалии Халифаи шаҳри Давҳа бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 байни бозигарони то 23-сола дар гурӯҳи «С» баргузор шуд.

Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии худ бо тими олимпии Арабистони Саудӣ рақобат намуд. Дастаи мо дар оғози мусобиқот аз барандаи феълии Ҷоми Осиё, тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, ки охирон маротиба мунтахабҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Ҷоми Осиёи соли 2022 дар Ӯзбекистон бо ҳам бозӣ карда буданд, ки онҷо боҳӣ бо ҳисоби 5 бар 0 ба фоидаи арабҳо анҷом ёфта буд.