Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба татбиқи афзалияти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок намуд. Дар ин хусус аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нақши Созмони Ҳамкории Шанхайро дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ намуд.
Сафири Тоҷикистон дар бораи ташаббусҳои обии мамлакат, инчунин Конфронси сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки баргузории он моҳи июн дар шаҳри Душанбе дар назар аст, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай, бахусус таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе, ҳамкории минбаъдаи давлатҳои аъзои Созмон дар таъмини рақобати босамар, инчунин татбиқи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2030 равона намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён оид ба масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.