Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Муассисаи давлатии Китибохонаи давалтии бачагонаи ҷумҳҳриявии ба номи Мирсаид Миршакар ҳамасола доир мегардад. Фестивали мазкур бахшида ба 70 солагии зодрӯзи шоири халқии Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб доир гардида, аҳли илму адаб, дӯстдорони китоб, роҳбарият ва кормандони китобхона ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни чорабинӣ муовини вазири фарҳанги кишвар Давлат Сафар қайд намуд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат шаҳри Душанбе на фақат пойтахти Тоҷикистон, балки маркази асосии илмиву фарҳанг, эҷодиву иттилоотӣ ва неруи зеҳнӣ ба ҳисоб рафта, он барои тамоми табақаи наслҳо ҳамчун хотираи беҳтарини аёми ҷавонӣ ва пояндагии миллат ҳисобида мешавад.
Дар охири чорабинии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ба як қатор китобдорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ва хонандагони муассисаҳоро бо диплом, ифтихорнома ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора аз ҷараёни чорабини мазкур ҳамкорамон Сураёи Сироҷиддин хабар доданд.