Дар натиҷаи боришоти шадиди пайдарпайи чанд рӯзи охир дар қисми ҷанубу ғарбии Покистон обхезӣ рух дод. Тавре агентии иттилоотии “Синхуа” хабар медиҳад, дар пайи офати табиӣ 39 нафар ба ҳалокат расида, даҳо каси дигар маҷруҳ гардидааст.
Аз ҳама бештар вилояти Балуҷистон осеб дидааст. Дар ин вилоят садҳо манзили истиқоматӣ хароб гардид. Ба гуфтаи ҳавошиносон, боришот дар ин минтақа як ҳафтаи дигар идома хоҳад кард. Ҳамзамон, дар Афғонистон низ обхезӣ сар зада, боиси ҳалокати 33 нафар гардид. Ба иттилои шабакаи телевизионии Тулнюс дар пайи офати табиӣ 600 бинои истиқоматӣ хароб ва беш аз 200 сар чорвои хонагӣ талаф ёфтанд. Дар робита ба ин вазъият вазъи фақулода эълон гардидааст.