Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ, даври шаҳрии озмуни “Сайри гули лола” баргузор гардид. Озмуни мазкур аз рӯйи 5 номинатсия дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Ин номинатсияҳо «Беҳтарин боғи фарҳанги фароғатӣ», «Гулгашти беҳтарин», «Кӯча ё хиёбони беҳтарин», «Компазитсяи беҳтарин» ва «Гулпарвари беҳтарин» буда, ғолибони ҳама номинатсияҳои он барои ишғоли ҷойҳо бо дипломи дараҷаи 1.2. 3 ва маблағи пули мутаносибат ба андозаи 10000, 7000 ва 5000, сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тибқи иттилои муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим то имрӯз дар шаҳраку маҳаллаҳо, гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, назди ташкилоту муассиса ва идораҳо ба миқдори 6 миллиону 600 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шудааст. Ғолибони ҷойҳои аввал аз номинатсияи «Боғи беҳтарин», Боғи фарҳангию фароғатии Аҳмади Дониш, аз номинатсияи «Гулгашти беҳтарин», гулгашти назди Сирки давлатӣ, «Кӯча ё хиёбони беҳтарин», хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Сино, «Компазитсяи беҳтарин», мавзеи муҷассамаи назди Исмоили Сомонӣ ва «Гулпарвари беҳтарин» корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Сайри гули лола» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб гузаронида мешавад.
Гулрӯ Ниёззода,
радиои “Тоҷикистон”