3 апрели соли 2024 дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели нахустин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури даъватшавандагон ва волидони онҳо иброз дошт, ки ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Тазаккур дода шуд, ки маросими мутантани гусели шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана гузаронда шуда, омодагии комили ҷавонони бонангу номуси вилояти Суғд ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ нишон медиҳад, ки онҳо хизмат кардан барои Модар-Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонанд.
-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои мусаллаҳ рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд”.
Воқеан ҳам амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар – Ватанро баробари ҷони худ дўст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад,-илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Таъкид гардид, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва рўҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Дар шароити имрўза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати мудофиаи кишвар шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст. Тадбирандешиҳо дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як сокини кишвар рўҳбаландии тоза бахшида, насли ҷавонро водор менамояд, ки бо дарки масъулият ва ифтихор аз Ватану ватандории худ софдилона баҳри рушду нумўи кишвар, ҳимоя ва таъмини амнияти он ҷидду ҷаҳд намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Дар бораи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ», якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва вилоят фаъолият бурда, ба нерўи ватандўстонаи ҷавонон такя намуда, нақшаи пешбинишудаи даъвати баҳоронаи соли 2024-умро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ, аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаи худ дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро карда, манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти тахрибкорона ҳимоя менамоянд.
Сипас, маросими нонгазон сурат гирифта, барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод ва 1200 нафар даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.