Имрӯз бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе, ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.
Дар ин ярмарка Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҳсулотҳои худро ба фурӯш бароварданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин ярмарка беш аз 20 намуд маҳсулот дар ҳаҷми 50 тонна бо нархи дастрас пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт шудааст.
Ин ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои ниёзи аввалия дар арафаи Иди Фитр доир гардида, аз 3 то 9-уми апрел идома меёбад.
Муҷиддин Сайфиддин,
радиои “Тоҷикистон”