Ҳайати Туркманистон барои гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ вориди Тоҷикистон шуданд.
Тавре Вазорати фарҳанг хабар дода буд, консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мешавад.
4 апрел, соати 10:00 мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллӣ намоиш дода мешавад.
Ҳамзамон дар ин рӯз барномаи муштараки консертии устодони санъати кишварҳо дар “Кохи Борбад” доир мегардад.
Рӯзи 5 апрел ҳайати Туркманистон барои намоиш ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар мекунанд.