Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Ватан ҳарчи гӯяд, адо мекунем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар ин бора , АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро гусел намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки “таъмини суботу амнияти мамлакат, ҳифзи ҳар пора хоки муқаддаси Ватан, Артиши миллии мо ба шумо, ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. Хизмат намудан ба Ватан ва миллат барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби мамлакат барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад. Мо аз падарону модарони азиз сипозгузорем, ки фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия менамоянд. Ин аст, ки ҳамасола ҷавонписарони минтақаи Рашт масъулият ҳис намуда, ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегарданд”.
Модари даъватшаванда аз ноҳияи Тоҷикобод Фотима Кабирова гуфт, ки “ман фарзандамро баҳри ҳимояи Ватани азизам тарбия намуда, имрӯз бо хушнудию хурсандӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел менамоям. Бояд падару модарон фарзандонашонро тавре тарбия намоянд, ки ба ҳифзи нангу номуси миллату Ватан ҳамеша омода бошанд. Чунки ҳимояи Ватан-Модар ва шарафу номуси мо, модарон барои фарзандон қарз аст”.
Дар ҳамоиш ба 140 наваскаре, ки даври ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд. Бояд гуфт, ки 30 даъватшаванда аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва 110 нафар аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт даври ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро хонда, ҳамчун мутахассис ба Артиши миллӣ ҷалб шуданд.
Хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт дар ин маъракаи ватандӯстона бо масъулияти баланди инсонӣ барои намунаи ибрат гардидан фарзандонашонро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.
Даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Абдукарим Соимов ба ҷавонони ҷумҳурӣ гуфт, ки “ман пас аз хатми донишгоҳ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меравам. Ба фикри ман, ҳимояи давлату миллат бояд номуси ҷавонмардии ҳар ҷавон бошад. Аз ин рӯ аз ҷавонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоям, ки ҷавонмарду баномус бошанд ва ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шаванд”.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин намуданд.