Баргузории чорабинии ботантанаи Рӯзи даъватшаванда бо мақсади сафарбар намудани ҷавонаскарон дар Душанбе

Имрӯз дар Амфитеатри шаҳри Душанбе бо мақсади сафарбар намудани ҷавонаскарон ба сафи Қувваҳҳои мусаллаҳи кишвар чорабинии ботантанаи Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ ҷовононе, ки дар давраи баҳорӣ аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе даъват шуда буданд, ихтиёран ҳозир шуда, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардиданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода баромад карда, иброз намуд, ки барои насли ҷавони кишвар яке аз муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаёт ин хизмат дар сафи Қуввваҳои мусаллаҳ буда, дар ин ҷо дарси шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд ва дӯст доштану содиқона хизмат намудан ба Ватанро ёд мегиранд.

Дар идома муовини якуми вазири мудофиаи ҶТ, генерал – летенант Эмомалӣ Собирзода, суханронӣ карда, қайд намуд, ки вазъи мураккаби ҳарбию сиёсии ҷаҳон дар бисёр кишварҳои дуру наздик моро водор месозад, ки барои орому осуда нигоҳ доштани Ватани азизамон, ки сулҳу ваҳдат дар он ҳукумфармост, содиқона хизмат намуда, ҳамеша ҳушёру зирак бошем.

Дар чорабини ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар Зулфиқор Гулаҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ – демократии мамлакат дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода баромад карда, ба ҷовонаскарон дар роҳи хизмати содиқонаву софдилона ба Модар – Ватан барору комёбӣ таманно намуданд.

Дар идома модари даъватшаванда Асламшо Раҷабов – Ашурбӣ Умарова суханронӣ карда, аз ҳама ҷавонони кишвар хоҳиш намуд, ки омода, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намоянд.
Эҳсон Зокиров яке аз даъватшавандагон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки пас аз хатми донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ихтирёран ба сафи қуваҳои мусаллаҳ дохил шуда, қарзи ҷавонмардии худро адо намояд.

Дар анҷоми чорабинии ботантанаи рӯзи даъватшаванда ба 40 нафар наваскарон аз тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд. Инчунин барои болидахотирии аскарон барномаи консертӣ пешниҳод гардид.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”