Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки: “Соли 2023 15 ёдгории таърихии тоҷикон ба Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил шуд, ки ин боиси ифтихори миллатамон мебошад. Аз ин хотир лозим медонем, ки соли 2024 Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихии назди Ҳукумати ҶТ таъсис дода шавад”.
Баъди ба даст овардани истиқлол Ҳукумати кишварамон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса дода, то имрӯз зиёда аз 100 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тармиму барқарор гардиданд. Онҳо кашфу ҳафриёт гузаронида, аз сатҳи маҳал ба сатҳи ҷумҳуриявӣ ва баъд ба сатҳи байналмилалӣ расонида шуданд.
Ба гуфтаи Мирзошариф Абдусалом, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар ба ғайр аз 15 ёдгории таърихии тоҷикон, ки соли гузашта ба Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил шуданд, айни замон зиёда аз 10 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии дигари ҶТ дар руйхати пешакии Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО қарор дорад.
Ба таъкиди Мирзошариф Абдусалом Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихии кишварамон масъалаҳое ҷой дорад, ки мо мутахасисони соҳаро нигарон кардааст.
Дар худуди кишвари мо зиёда аз се ҳазор ёдгориҳои таърихӣ мавҷуданд ва ҳолатҳое мешавад, ки ҳудуд ва қитъаҳои онҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ худсарона гирифта мешаванд, ки ин ба нобуд гардидани аслияту қисматҳои ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ оварда мерасонад, мегӯяд Мирзошариф Абдусалом.
Мирзошариф Абдусалом таъсис додани Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихии назди Ҳукумати ҶТ-ро барои рушди ҳифзи ёдгоҳои таърихию фарҳангӣ иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, илова намуд, ки агентии мазкур рӯзҳои наздик ба фаъолият шуруъ менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ёдгоҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳаёти сиёсию фарҳангии кишварамон аҳамияти муҳим дошта, ифодагари таърихи бою ғанӣ доштани миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”