23 марти соли 2024 дар Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир бо ташаббуси Анҷумани Осиёи Марказии Кембриҷ таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он Сафорат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо оростани дастархони миллӣ бо инъикоси рукнҳои наврӯзӣ (“ҳафт син”-у “ҳафт шин”) ва ташкили гӯшаи фарҳангӣ саҳм гузоштааст.
Дар оғози чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Озарбойҷон, коршиносону олимони Донишгоҳи Кембриҷ дар мавзӯи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таърихи Иди байналмилалии Наврӯз мизи мудаввар низ доир шуд.
Кормандони Сафорат ба ширкаткунандагони ҳамоиш роҷеъ ба таърихи Наврӯзи ҷаҳонӣ ва нақши Тоҷикистон дар равандҳои байналмилалию минтақавӣ маълумот доданд.